Муҳоҷирон аз Русия 2,5 миллиард $ фиристодаанд

Ба ҳисоби Бонки марказии Русия, ҳаҷми таҳвили пули муҳоҷирони хориҷӣ аз ин кишвар имсол 20 дарсад боло рафтааст. Ба ҳисоби ин ниҳоди молӣ, ҳаҷми таҳвили пул аз Русия ба Украина қариб 40 дарсад, ба Узбакистон – 34 фоиз ва ба Тоҷикистон 30 дарсад афзудааст. Бонки марказии Русия мегӯяд, ки имсол аз ин кишвар ба хориҷ беш аз 2,5 миллиард доллар пул таҳвил шуда, беш аз нисфи он ба 3 кишвар – Украинаву Узбакистон ва Тоҷикистон рафтааст.
Қаблан Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳам гуфта буд, ки имсол таҳвили пули муҳоҷирони тоҷик қариб 25 дарсад афзуда, наздики 900 миллион доллар, ё 39 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил додааст.