Янукович хостори тағйирот ба Қонуни асосӣ шуд

Виктор Янукович, раисиҷумҳури Украина, имрӯз хостори тағйири Қонуни асосии кишвар ва таҳкими ваколатҳои президент шуд. Зимни суханронӣ дар нишасте ба бахшида ба 19-умин солгарди истиқлоли Украина дар шаҳри Киев ӯ гуфт: "Ман Украинаи эҳёшударо чун кишвари дорои низоми устувори сиёсӣ мебинам ва омодаам формулаи ҷамъиятии онро пешниҳод намояд. Ин формула иборат аст аз раисиҷумҳури нерӯманд, ки тақрибан ҳама фишангҳои ҳамоҳангсозӣ ва назорат аз болои татбиқи ислоҳоти калидӣ дар кишвар ва сиёсати стратегии онро дар ихтиёр дорад. Ва дуввум ин – парлумони ҳушманд бо эътилофи нерӯманд ва мухолифини бонуфуз мебошад.
Ваколатҳои раисиҷумҳури Украина соли 2004, замони раёсати Виктор Юшенко, маҳдуд шуда буд. Мухолифин Виктор Януковичро, ки соли равон дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ аз болои сарвазири пешин Юлия Тимошенко пирӯз шуд, дар русгароӣ ва истибдод айбдор мекунанд.