Амалиёти ҷустуҷӯи 25 маҳбуси аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон фироркарда ҳанӯз натиҷае надодааст. Ба иттилоъи расмӣ, амалиёти ҷустуҷӯ идома дорад, ба ин хотир тафтиши васоили нақлиёт дар ҳама роҳу шоҳроҳҳои манотиқи шарқии Тоҷикистон шадидтар шудааст. Имрӯз Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон фирори Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди миллии Тоҷикистон дар баробари дигар маҳбусон аз боздоштгоҳро тасдиқ кард.
Шаби душанбе бар асари бемасъулиятии нозирон 25 маҳбус аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон фирор карданд. Ҳангоми фирор онҳо як нозири ин боздоштгоҳ ва чаҳор нозири боздоштгоҳи муваққати вазорати адлияро ба қатл расонидаанд.