Нашри акси маҳбусини фирорӣ дар телевизион

Шоми рӯзи душанбе шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон тасвир ё акси баъзе аз афродеро, ки аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ фирор кардаанд, намоиш дод ва аз сокинон хост, ки дар ҷустуҷӯ ва пайдо кардани онҳо бо мақомоти қудратӣ ҳамкорӣ кунанд. Дар ин қатор аз Могамед Ахмедов (Доғистон, Русия), Фурқат Холматов (соли таваллуд 1975, Узбакистон), Баҳром Орифҷонов (соли таваллуд 1981, ноҳияи Исфара, Тоҷикистон), Маҳмадалӣ валади Қурбоналӣ (соли таваллуд 1981, вилояти Тахор, Афғонистон), Муҳаммадвалӣ валади Тозагул (соли таваллуд 1977, вилояти Тахор, Афғонистон), Бозоралӣ валади Эгамбердӣ (соли таваллуд 1969, вилояти Тахор, Афғонистон), Маҳмадзокир валади Маҳмадҳалим (соли таваллуд 1981, вилояти Тахор, Афғонистон), Ҳусейн Сулеймонов (соли таваллуд 1985, Доғистон, Русия), Иброҳим Насриддинов (соли таваллуд 1974, Ҷалолуддини Румӣ, Тоҷикистон), Ҳикматулло Азизов (соли таваллуд 1975, ноҳияи Панҷ, Тоҷикистон) ном бурда шуд.