Дар шаҳри Манила, пойтахти Филиппин, як корманди собиқи полис, ки бо мусалсал мусаллаҳ аст, мусофирони автобусро гаравгон гирифт. Дар автобус беш аз 20 нафар, асосан сайёҳон аз кишвари Ҳонконг, ҳузур доштанд. Баъд аз чанд соат корманди собиқи полис 7 нафар – се зан, се тифл ва як марди кӯҳансолро аз банд раҳо кард.
Автобус аз сӯи кормандони мақомоти амниятӣ иҳота карда шудааст. Мақомоти полис музокирот дар мавриди аз банд раҳо кардани сайёҳони хориҷиро идома медиҳад.
Хабар дода мешавад, ки ин корманди полис чанде пеш барои қонуншиканиҳо аз мақом барканор шуда буд.