815 миллион доллар ваъдаи кӯмак ба Покистон

Вазири хориҷаи Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ ба ҷомиаи байналмилалӣ барои ваъдаи беш аз 815 миллион доллар кӯмак ба осебдидагони обхезиҳои Покистон изҳори сипос кард. Қурайшӣ гуфт, мизони ёриҳо ҳамбастагӣ бо Покистонро, ки ба бадтарин офат дар таърихаш дучор шудааст, намоиш дода, рӯҳбаландкунандаанд, бахусус бо таваҷҷӯҳ ба фишори пасрафти иқтисодӣ ва “хаста шудани” Ғарб аз ироаи чунин кӯмакҳо. Ӯ гуфт: “Дар ин шароит, ки Ғарб, Аврупо ва Амрико ба пасрафт дучор шудаанд ва сӯҳбат аз хаста шудани кӯмакрасонҳо меравад, чунин намоиши ҳамбастагии хуб хеле рӯҳбаландкунанда аст.”
Бо ин ҳол, бино ба хабарҳо, даҳҳо ҳазор нафар дар вилояти Синд, дар ҷануби Покистон дар пайи боло рафтани сатҳи рӯди Ҳинд аз тарси обхезиҳои ҷадид рӯ ба фирор овардаанд. Таҳдиди обхезиҳои нав 3 ҳафта баъд аз обхезиҳоест, ки дастикам 1600 кушта ба ҷо гузошт ва ба рӯзгори қариб 20 миллион нафар осеб расонд.