Вокунишҳо ба оғози фаъолияти корхонаи ҳастаии Эрон

Амрико мегӯяд, таъмини сӯхт барои ниругоҳи ҳастаии Эрон тавассути Русия нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Эрон зарурате ба ғанисозии уран надорад. Дарбӣ Ҳолледеу-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, Амрико қабул дорад, ки реактори сохтаи Русия дар Бушеҳр барои тавлиди нируи ҳастаӣ пешбинӣ шудааст ва Вошингтон ин корхонаро хатари густариши аслиҳаи ҳастӣ намедонад. Аммо Исроил кишвари муттаҳиди Амрико аз додани сӯхт ба корхонаи ҳастаии Эрон интиқод кард ва онро "комилан ғайри қобили қабул" хонд. Изҳороти Амрико ва Исроил баъд аз он садо дод, ки Эрон дар ҳузури бозрасони Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ сӯхти ҳастаии фароҳамовардаи Русияро ба реактори худ рехт ва фаъолияти корхонаи ҳастаиаш оғоз ёфт.