Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дастур дод, ки то охири соли ҷорӣ фаъолияти ҳамаи гурӯҳҳои шахсии амниятӣ қатъ шавад. Дар як эъломия, ки рӯзи шанбе ба нашр расид, гуфта мешавад, ки вазорати дохила, нируҳои амниятӣ ва ниҳодҳои кашф феҳристи гурӯҳҳои хусусии амниятиеро таҳия мекунанд, ки бояд фаъолияти онҳо то поёни сол баста шавад. Гурӯҳҳо ё ширкатҳои хусусии амниятӣ барои нируҳои НАТО, нируҳои Амрико, дар намояндагии СММ ва дар ширкатҳои ғайридавлатии Афғонистон ё дар сафоратхонаҳои кишварҳои ғарбӣ кор мекунанд.