Раҳбарони Созмони Озодибахши Фаластин даъвати Амрикоро барои ширкат дар музокироти сулҳ бо Исроил дар Вошингтон пазируфтаанд. Бо вуҷуди ин, Соэб Эреқот-раҳбари ҳайати музокироти Фаластин гуфт, ки агар Исроил бунёди маҳаллоти нави яҳудинишинро эълон кунад, онҳо аз музокироти мустақими сулҳ бо Исроил даст мекашанд. Қаблан Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико эълон кард, ки Исроил ва Фаластин барои ширкат дар музокироти мустақими сулҳ ба Вошингтон даъват шудаанд. Хонум Клинтон гуфт, ба ин музокирот ҳамчунин Абдуллоҳ-шоҳи Урдун, Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури Миср ва Тонӣ Блэр-фиристодаи маҳофили байналмиллалӣ барои Ховари Миёна низ даъват шудаанд. Дар ин музокирот масоили ниҳоӣ, яъне марзҳо, Байтулмуқаддас ва масъалаи паноҳҷӯёни фаластинӣ баррасӣ мешавад.