Бино бар хабарҳо дар нишасти сарони созмони Паймони амнияти дастаҷамъии кишварҳои ҳамсуд дар Севани Арманистон вазъи Қирғизистон мавзӯъи асосии баҳсҳоро ташкил хоҳад дод. Сергей Приходко, ёвари раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ба хабарнигорон гуфтааст, кишварҳои узв роҳҳои мусоидат ба эътидоли авзоъ дар Қирғизистон ва такмили механизмҳои вокуниши созмон ба ҳолатҳои изтирориро баррасӣ хоҳанд кард. Вале аз он ҷо ки ин нишаст ғайрирасмист, дар он созишнома ё изҳороте ба имзо нахоҳад расид. Тасмимҳои ниҳоӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии созмон гирифта хоҳад шуд, таърихи баргузории онро президентҳо таъин мекунанд.