Эрониҳо талаби паноҳандагӣ дар Юнонро доранд

Гурӯҳи эрониҳо дар канори бинои Идораи СММ дар умури паноҳандагон дар шаҳри Афина, пойтахти Юнон, даст бар гуруснанишинӣ заданд. Онҳо аз мақомоти Юнон талаб доранд, ки аризаҳояшон барои дарёфти мақоми паноҳандагиро ҳарчӣ зудтар баррасӣ кунанд. Ба гуфтаи эрониҳо, ду нафари онҳо нӯҳ сол боз посухи мақомот ба аризаҳои худро интизоранд.
Ҳомиёни ҳуқуқи башари Юнон мегӯянд, ҳар сол дар кишвар аз сад нафари хоҳишманд фақат чаҳор кас мақоми паноҳандагиро дарёфт мекунанд.