Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, нируҳои НАТО ва Афғонистон дар як зиндони махфии Толибон дар вилояти Ҳилманд амалиёт анҷом додаанд. Дар натиҷаи ин амалиёт 27 зиндонӣ озод ва 13 нафар кушта шудаанд. Дар миёни кушташудагон 5 зиндонӣ низ ҳаст. Довуд Аҳмадӣ-сухангӯи вилояти Ҳилманд гуфт, шӯришиён дар зиндони Мусо Қалъа кормандони имдод ва кормандонеро, ки бо ҳукумат ҳамкорӣ мекарданд, дар ин зиндони махфӣ нигоҳ медоштанд. Нируҳои НАТО дар изҳороте ин амалиётро таъйид кардаанд, вале гуфтаанд, ҳамаи 13 нафари кушташуда шӯришиён будаанд ва аз шаҳрвандон касе осеб надидааст. Бино ба ин изҳорот, одамони озодшуда дар зиндон мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд.