Вазорати корҳои хориҷаи Арманистон гуфт, ки Русия муҷаввизи худро барои истиқорори пойгоҳи низомиаш дар Арманистон барои 24 соли дигар, яъне то соли 2044 тамдид хоҳад кард. Эдуард Наълбандиён-вазири хориҷа гуфт, санади тамдиди иҷора барои муддати тӯлонӣ дар ҷараёни боздиди Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия дар ҳафта ҷорӣ ба имзо хоҳад расид. Вай ба шабакаи 24-ӯми хабарии Русия гуфт, вазифаи тақрибан 3 000 нафар низомиёни Русия нав хоҳад шуд ва пойгоҳи низомии Русия ҳамзамон бо ҳифзи манофеи Русия дар ин кишвар амнияти Арманистонро низ таъмин хоҳад кард.