Мақомоти Бразилия дар бандари Рио Гранде бореро кашф карданд, ки аз Олмон омада, аз партов иборат аст, ҳарчанд дар асноди он бори муҳими тиҷоратӣ навишта шудааст. Мақомоти бразилӣ мегӯянд, ин ҳамли иборат аз 22 тонна бозпас ба Олмон фиристода шудааст. Гуфта мешавад, партовҳои олмонӣ аз маводи пластикӣ иборат буда, ширкате хостааст, аз онҳо маводи нав тавлид кунад.