Ҳавопаймоҳои исроилӣ бо истифода аз мушакҳои ҳаво-ба-замин ба чандин ҳадаф дар манотиқи марказӣ ва ҷанубии Навори Ғазза зарба заданд. Мақомоти амниятии фаластинӣ гуфтаанд, ин ҳамла талафоти ҷоние ба думбол надоштааст. Ҳавопаймоҳои Ф16-и Исроил нақбҳои қочоқро дар шаҳраки Рифоҳ дар марзи байни Ғазза ва Миср ҳада қарор доданд. Гузориш расидааст, ки нақбҳо тахриб шудаанд. Ҳавопаймоҳо инчунин бинои холиеро дар шаҳри Хон Юнуси ҷануби Навори Ғазза, ки ба марзи Исроил наздик буд, нобуд карданд.