Роҳ аз тариқи постгоҳи Қулма муваққатан баста шуд

Ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингари миёни Тоҷикистону Чин аз тариқи постгоҳи Қулма муваққатан қатъ карда шуд. Ба иттилоъи мақомоти вилояти Бадахшони кӯҳистон, ҳукумати вилояти Қашғар дар номаи расмӣ гуфтааст, ки бар асари сел баъзе аз қитъаҳои роҳ дар минтақаи Қулма-Қарасӯ-Қашғар хароб шудааст ва таъмиру тармими ин қитъаҳои роҳ тақрибан у ҳафта идома хоҳад кард. Дар ин бора хабаргузории Азия-плюс иттилоъ додааст.