Филми ҳиндӣ дар бораи Тоҷикистон

Ҳайати муштараки филмсозони Ҳиндустон ва Тоҷикистон ба таҳияи филми мустанаде роҷеъ ба ёдгориҳои таърихӣ ва маҳалҳои зебоманзари Тоҷикистон шурӯъ карданд. Аз тарафи Тоҷикистон ба ин ҳайат мудири киностудияи "Тоҷикфилм" Маҳамдсаид Пиров ва аз тарафи Ҳиндустон Нилуфар Шама раҳбарӣ мекунанд. То имрӯз онҳо аз шаҳристони 5500-солаи Саразм, ки ахиран ба феҳрасти Мероси таърихии ҷаҳон шомил гашт, Ҳафткӯл, шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан наворбардорӣ кардаанд. Дар ин бора хабаргузории "Ховар" иттилоъ додааст.