Як шаҳрванди эрониасли Иёлоти Муттаҳида ба нақзи таҳримҳои тиҷоратии ҳукумати Амрико зидди Эрон айбдор шудааст. Маҳмуд Ризо Бонкӣ барои пазириши 3 миллион доллар аз хешонаш дар Эрон ба дуним соли зиндон маҳкум шуд. Бонкии 35-сола, ки донишгоҳи машҳури Принстонро хатм кардааст, ҳамчунин ба корбурди сармояи беиҷоза дар бизнес айбдор шуд, ки бо 25 соли ҳабс муҷозот мешавад.