Азми 57 ҳизбу ҷунбиш барои ширкат дар интихобот

Куммиссиюни марказии интихоботи Қирғизистон гуфт, аз 148 ҳизбу ҷунбиши сиёсии дар кишвар сабтиномшуда 57 гурӯҳ хоҳиши ширкат дар интихоботи парлумонии 10 октябрро кардаанд. 15 август рӯзи ниҳоии аз тасмими худ барои ширкат дар интихобот хабардор кардани куммиссиюни интихоботӣ буд. Интихоботи моҳи октябр нахустин интихобот баъд аз тасвиби Қонуни асосии ҷадиди Қирғизистон аст, ки низоми идории кишварро аз раёсатҷумҳурӣ ба парлумонӣ тағйир медиҳад.