Сангсор шудани як марду як зан дар вилояти Қундуз

Мақомоти маҳаллӣ дар шимоли Афғонистон мегӯянд, ки дирӯз як марду зан дар вилояти Қундуз бо ҷурми алоқаи ғайришаръӣ тавассути сангсор кушта шуданд.
Муҳаммадайюб, раҳбари яке аз улусволиҳои Қундуз гуфт, ҷангиёни толиб як зани 23-сола ва як марди 28-соларо дар рустои Муллоқулӣ, ки таҳти назорати Толибон қарор дорад, сангсор кардаанд. Шоҳидон мегӯянд, шаби якшанбе барои шунидани ҳарфи эътирофи гуноҳи ин марду зан ҳудуди 100 нафар, аксар чирикиҳои толиб, гирди ҳам омаданд.
Мард зоҳиран завҷаи дигар дошт ва ин зан машъуқааш буд.
Толибон дар авоили моҳ як зани беваи ҳомиларо дар ғарби Афғонистон низ бо ҷурми зинокорӣ дар мазҳари омм сангсор ва қатл карданд.