"Ҷанги Афғонистон раванде пур аз шебу фароз аст"

Фармондеҳи нирӯҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистон генерали амрикоӣ Девид Петреус гуфт, ӯ дар ҷанги Афғонистон соҳоти пешрафтро мебинад, вале ҳанӯз рӯшан нест, ки Амрико барои иҷрои ҳадафи раисиҷумҳураш Барак Обама ҷиҳати аз моҳи июли соли 2011 шурӯъ кардани хуруҷи нирӯҳояш аз ин кишвари ҷангзада оё кай омода хоҳад шуд?
Петреус ба барномаи телевизионии "Meet The Press" гуфт, набард алайҳи ҷангиёни толиб як раванди пур аз шебу фароз буд ва ҳанӯз барвақт аст гуфтан, ки то куҷо муваффақ шудаанд.
Вале вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс имрӯз ба рӯзномаи “The Los Angeles Times” гуфт, инки хуруҷи нирӯҳо аз июли соли 2001 шурӯъ мешавад, ҷое барои шакк надорад.