Таҳқиқи сабабҳои садамаи пурқурбонӣ дар Сафедсанг

Дирӯз, баъди қариб 3 ҳафтаи ҷустуҷӯ аз умқи як дара дар байни масири кӯҳистонии Дарвоз – Ванҷ дар шарқи Тоҷикистон аҷсоди 8 қурбонии як сониҳаи 20 рӯз қабли нақлиётӣ кашф шуд. Сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон Маҳмадуллоҳ Асадуллоев ба Радиои Озодӣ гуфт, шаби пурбориши 28 июл дар мавзеъи Сафедсанги ҷамоати Сағирдашт ба микроавтобуси тамғаи “Тангем” бо 8 сарнишин як санги аз кӯҳ кандашуда бархӯрд, ки дар натиҷа мошин аз роҳ сарозер шуд.
Мақомот мегӯянд, аҷсоди қурбониёни сониҳаро рӯди кӯҳӣ бурда буд ва ин амалиёти ҷустуҷӯиро ба чунин тӯл кашонд. Ҳамаи ҳалокшудагон сокинони рустои Техарви ноҳияи Ванҷ будаанд.
Бино бар омори вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, тайи 7 моҳи соли ҷорӣ дар натиҷаи 852 садамаи нақлиётӣ дар ин кишвар 209 нафар ҷон бохтаанд.