Ширкати “Росатом”-и Русия эълом кард, ки рӯзи 21 август сӯхтгирӣ ба реактори Бушеҳр, нахустин нерӯгоҳи барқи атомии Эронро шурӯъ хоҳад кард. Сергей Новиков, сухангӯи ширкат гуфт, сӯхтгирӣ ба реактор, як гоми аслӣ барои баҳрабадорӣ аз нерӯгоҳи барқи атомии Бушеҳр хоҳад буд, вале сӯхтгирӣ ба маънии фаъол шудани нерӯгоҳ нест. Алӣ Акбар Солеҳӣ, мудири Оҷонси энержии атомии Эрон ин хабарро таъйид кард. Кишварҳои ғарбӣ аз ҳамкории Русия бо Эрон дар ин замина эътироз кардаанд. Русия мегӯяд, нерӯгоҳи барқи атомии Бушеҳр тарҳи комилан ғайринизомӣ аст ва истифодаи он дар ҳаргуна барномаҳои тавлиди силоҳи атомӣ номумкин аст.