Як мақоми баландпояи Арманистон гуфт, ба эҳтимоли ғолиб кишвараш мӯҳлати истифодаи як нерӯгоҳи барқи атомии мероси шӯравиро то чанд соли дигар тамдид хоҳад кард. Нерӯгоҳи барқи атомии 40-сола, ки дар Метсамор, дар 30 километрии ғарби шаҳри Ереван воқеъ шудааст, баъди заминларзаи вайронгари соли 1988 дар Арманистон баста шуд, вале ду реактори онро соли 1995 дигарбора фаъол карданд. Ашот Мартиросян, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Арманистон, гуфтааст, зоҳиран фаъолияти нерӯгоҳи Метсамор, то ду се соли дигар тамдид мешавад, зеро нерӯгоҳи нави атомие, ки бояд онро иваз кунад, соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико аз Арманистон борҳо хостаанд, то бо назардошти фарсуда шудани нерӯгоҳ аз истифодаи он даст кашанд. Аммо мақомоти Арманистон мегӯянд, нерӯгоҳи Метсамор, ки 40 дар сади нерӯи барқи кишварро ҳосил мекунад, метавонад то соли 2016 бидуни мушкилӣ кор кунад.