Дипломати швед Маркус Мюллер раҳбари ҳайъати 52-нафарии пулиси назоратие шуд, ки САҲА мехоҳад ба Қирғизистон бифиристад. Ин гурӯҳ афсарони ғайримусаллаҳи пулис ва миёнҷиҳои маҳаллиро дар бар гирифта, бино бар баёнияи САҲА, дар 6 макон дар вилоёти Ӯшу Ҷалолобод машғули назорати вазъ ва машварат ба пулиси қирғиз хоҳад шуд. Вазъ дар ҷануби Қирғизистон дар пайи даргириҳои хунини қавмии моҳи июн байни қирғизҳову узбакҳо, ки наздики 400 кушта ба ҷо гузошт ва садҳо ҳазори дигарро бехонаву дар кард, ҳамчунон осебпазир боқӣ мемонад.
Мюллер аз соли 2003 то 2008 раҳбарии маркази САҲА дар Бишкекро бар дӯш дошт. Бо вуҷуди як силсила эътирозҳо дар дохили кишвар ба эъзоми пулиси хориҷӣ, раисиҷумҳури Қирғизистон Роза Отунбоева гуфт, интизор дорад, ки пулиси САҲА дар миёнаҳои моҳи сентябр хоҳад расид.