Кореяи шимолӣ аз Ҷопон хост, то барои 35 соли ҳукумати сангини истеъмориаш, ки аз соли 1910 то 1945 идома карда буд, маъзарат бихоҳад ва товон пардохт кунад. Пхенян, ки бо Токио равобити расмии дипломатӣ надорад, аз истифодаи иҷбории нирӯи коргарони кореягӣ ва бардагони ҷинсӣ изҳори интиқоди шадид кардааст. Рӯзи 10 август давлати Ҷопон аз Кореяи ҷанубӣ барои ишғоли нимқораи Корея узр пурсид. Аммо дар ин узрнома ҳеҷ ишорае ба Кореяи шимолӣ намерафт.