Зардорӣ бори аввал аз минтақаи селобҳо боздид кард

Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон нахустин боздиди деринтизори худро аз манотиқи осебдида аз селобҳои фоҷеабор анҷом дод. Зардорӣ зери интиқодоти шадид қарор гирифт, зеро ҳафтаи гузашта боздиди худро аз Аврупо қатъ накард, то дар чунин марҳалаи барои кишвараш бӯҳрони башарӣ ба Покистон баргардад. Зардорӣ аз шаҳраки осебдидаи Саккур боздид кард, шаҳраке, ки ба гуфтаи ҳукумат, об аз он ба истилоҳ ақибнишинӣ кардааст. Покистон мегӯяд, 14 миллион нафар аҳолӣ ба таври мустақим ё ғайримустақим аз ин селобҳо осеб дидаанд. Ба бовари СММ, 1 600 нафар дар ин фоҷеа ҷони худро аз даст додаанд. Исломобод марги 1340 нафарро таъйид кардааст.