Серик Хайруллин, ноиби додситони вилояти Акмолаи Қазоқистон, гуфт, нозирони маҳбас ва наздик ба 120 сарбози Вазорати умури дохилӣ ошӯбро дар маҳбаси шаҳри Акмола фурӯ нишонданд ва тартибу низомро барқарор карданд. Вай афзуд, дар хушунатҳои маҳбас як нафар кушта ва зиёда аз 60 нафар захмӣ шудаанд. Шӯриш дар зиндони Акмола рӯзи 9-уми август сар шудааст.