Туркия оташи лулаи нафтро зери контрол гирифтааст

Мақомоти расмии Туркия мегӯянд, сӯхторе, ки рӯзи пеш дар имтидоди як лулаи нафт рух дода буд, ҳоло хомӯш карда шудааст. Ин сӯхтор дар натиҷаи инфиҷори лулаи нафт ба вуҷуд омад. Ин лулаи 970 километра нафти Киркуки Ироқро ба бандари Ҷейҳони Туркия мерасонад. Мақомоти Туркия ҳадс мезананд, ки инфиҷорро аъзои Ҳизби Коргари Курдистони Туркия ё Пи Кей Кей анҷом додаанд.