Мақомоти Русия имрӯз бори нахуст таъйид карданд, ки оташ баъзе аз ҷангалзорҳои манотиқи олуда ба маводи радиоактивро фаро гирифтааст. Як рӯз пештар аз ин созмони муҳитизистии "Гринпис" мақомоти Русияро муттаҳам кард, ки хатари ихроҷи маводи хатарноки радиоактив бар асари ҷангалсӯзиҳоро кам нишон медиҳад. Мақомоти Русия гуфтанд, дар зарфи чанд рӯзи гузашта сӯхтор дар 269 гектар ҷангал дар 26 маҳалли минтақаи Брянск сабт шудааст, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил дар соли 1986 ниҳоят олуда шудааст. Коршиносон ҳушдор додаанд, ки эҳтимоли ба ҳаво бархостани олудагиҳои радиоактив бар асари ҷангалсӯзиҳо вуҷуд дорад. Ҳукумати Русия мегӯяд, оташнишонҳо дар зарфи 24 соати гузашта оташи нисфи ҷангалзорҳои оташгирифтаро хомӯш кардаанд. Аммо айни замон дар садҳо манотиқи дигар ҷангалсӯзиҳо идома доштааст.