Арманистон ҷангафзорҳои муосир мехарад

Сейрон Оҳаниён, вазири дифоъи Арманистон, мегӯяд, кишвараш қасд дорад, мушакҳои дурпарвози муосир ба даст дорад, то дар сурати муноқишаи эҳтимолӣ бо ҳамсоягони душманаш аз онҳо истифода кунад. Ӯ дар ин бора дар як ҷаласаи кумиссияи амниятии ҳукумати Арманистон сухан гуфт, ки дар нишасти ҳамин кумиссиён, ду барномаи навсозии нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон тасвиб шуд. Арманистон то ҳол дар ихтиёри худ, мушакҳои кӯтоҳпарвозе дорад, ки қодир ба нишон гирифтани ҳадаф дар масофаи то 110 километр аст. Қарор аст Арманистон бо Русия ба зудӣ як созишномаи низомӣ ба имзо расонад, ки бар асоси он Русия бояд Арманистонро бо аслиҳа ва ҷангафзорҳои муосири низомӣ таъмин кунад. Арманистон бо Озарбойҷон бар сари минтақаи умдатан арманинишин ва ҷудоихоҳи Кӯҳистони Қаробоғи Озарбойҷон аввали солҳои 1990 бо ҳам ҷангидаанд.