Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар сонсури WikiLeaks-ро хостаанд

Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар аз сомонаи интернетии WikiLeaks хостаанд, асноди маҳрами марбут ба ҷанги Афғонистонро сонсур кунад ва бад-ин васила ҷони шаҳрвандоне, ки дар он ҷо бо нируҳои хориҷӣ кор карданд, дар хатар қарор надиҳад. Кумиссиюни Мустақили Ҳуқуқи Башари Афғонистон, Институти Ҷомеаи Боз ва Гурӯҳи қурбониёни бегуноҳ дар муноқиша ба Ҷулиан Эссенҷ-муассиси WikiLeaks нома фиристодаанд ва аз вай дархост кардаанд, ки номи шаҳрвандони Афғонистон, ки дар 77 000 санади ба чопрасида дар сомона оварда шуда буд, аз сомона бароварда шавад.