Шоми имрӯз барои мусулмонон дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон оғоз меёбад. Пас аз намози таровеҳ дар масҷид онҳо ба иҷрои ин яке аз панҷ фарзи мусулмонӣ оғоз мекунанд ва дар давоми 30 рӯз аз хӯрдани нӯшидан ва ҷимоъ дар давоми рӯз худдорӣ менамоянд. Оғози Рамазонро дар 11-уми август Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як фатвои худ муайян кардааст. Соли дувум аст, ки Рамазон замоне иттифоқ меафтад, ки рӯзҳо дарозанд ва ҳавои тобистон гарм. Рӯҳонии шинохтаи кишвар Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода мегӯяд, моҳи Рамазон як имтиҳони ирода ва имон аст, аммо онҳое, ки беморанд ё дар мусофират ба сар мебаранд, ба шумори рӯзҳои мусофират ва беморияшон метавонанд дертар рӯза гиранд. Дар ҳоле ки дар бархе аз кишварҳои исломӣ дар ин давра дарозои соати корӣ дар корхона ва муассисаҳо коҳиш меёбад, дар Тоҷикистон чунин низом ҷорӣ нашудааст.