Муҷозоти афсарон барои марги сарбозон дар Арманистон

Дар пайванд ба ҳодисаи ҳалокати ҳафт сарбози артиши Арманистон дар моҳи гузашта, ҳашт афсар аз кор ронда ва даҳҳо нафар аз унвонҳои ҳарбии хеш маҳрум шуданд. Дар изҳороти Вазорати дифои Арманистон гуфта мешавад, фармондеҳон, муовинони онҳо ва дигар афсарони аршад, аз сарҳанг то лейтенантҳо, ҷазо гирифтанд. Ба 20 нафари дигар огоҳии расмӣ дода шудааст. Муҷозот ба ихтилофи байни ду қисми ҳарбӣ, ки даргирии байни онҳо сабаби куштор шудааст, афзудааст, зеро як тараф бар ин аст, ки афсарони он бе он ки гуноҳ карда бошанд, ҷазо дидаанд.