Рӯзи интихоботи порлумонии Қирғизистон муайян шуд

Ҳукумати муваққати Қирғизистон мегӯяд, бино ба фармони раисиҷумҳур Роза Отунбоева, интихоботи порлумонӣ дар ин кишвар рӯзи 10-уми октябр баргузор хоҳад гашт. Ҳукумат ҳамчунин вазъи фавқулодаро дар вилоятҳои ҷанубӣ, саҳнаи хушунатҳои байни қирғизҳо ва узбакҳо дар моҳи июн, бекор кард. Сухангӯи ҳукумат, Фарид Ниёзов, гуфт, қуюди шабгардӣ дар Уш ва Ҷалолобод сар аз имрӯз лағв шудааст. Дар хушунатҳои байниқавмии моҳи июн, бино ба маълумоти расмӣ, 350 нафар кушта ва 400 000 нафар, асосан узбактаборон фирорӣ шуданд.