Роза Отунбоева-раиси ҷумҳури Қирғизистон эълон кард, ки интихоботи порламонии ин кишвар 10-ӯми октябр баргузор мешавад. Мақомоти расмӣ интизор буданд, ки вазъ дар шаҳрҳои ҷанубии Қирғизистон ба ҳолати оддӣ баргардад, зеро дар он ҷо миёни қирғизҳо ва узбакҳо моҳи июн задухӯрдҳои қавмӣ рух дода буд. Ҳоло дар шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод вазъ то андозае беҳбуд ёфтааст. Ҳукумат эълон кардааст, ки қуюди шабгардӣ дар ҷануби кишвар, ки аз моҳи июн ба ин сӯ ҷорӣ буд, аз миён бардошта хоҳад шуд.