Андрей Селтсовский-раиси хадамоти беҳдоштии Маскав гуфтааст, мизони маргу мир дар шаҳри Маскав нисбат ба меъёри маъмулӣ тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст. Саранҷом вай хамӯшии чандрӯзаи мақомоти расмиро дар ин бора шикастааст ва мегӯяд, маъмулан дар як рӯз дар Маскав аз 360 то 380 даргузашти одамон сабти ном мешавад, вале ҳоло ин шумора то ба 700 нафар расидааст. Ҳамзамон бо гармои ҳаво дуди ғализ аз сӯхтори ҷангалзорҳо дар Маскав доман паҳн кардааст. Бисёре аз сокинони шаҳр даҳонбандҳои махсус гирифтаанд, то бад-ин васила аз танаффуси ҳавои гардолуд пешгирӣ кунанд. Елена-як сокини шаҳр мегӯяд:
"Даҳшат, дуди ғализ, чашмҳо месӯзанд. Вале чӣ кор метавон кард? Ҳеҷ чиз. Бояд кор равем".
Андрей Селтсовский-раиси хадамоти беҳдоштии Маскав мегӯяд, ҳоло аз 1 500 ҷой дар морг 1300 ҷои он пур шудааст.
"Даҳшат, дуди ғализ, чашмҳо месӯзанд. Вале чӣ кор метавон кард? Ҳеҷ чиз. Бояд кор равем".
Андрей Селтсовский-раиси хадамоти беҳдоштии Маскав мегӯяд, ҳоло аз 1 500 ҷой дар морг 1300 ҷои он пур шудааст.