"Талко" натиҷаҳои "мухтасари" аудиташро нашр кард

Ширкати “Талко” бузургтарин корхонаи тавлиди алюминиум дар Тоҷикистон, натиҷаҳои аудити деринтизори худро нашр кард, ки дар онҳо фаъолиятҳои сесолаи молии ширкат муҳосиба шудааст. Аудити “Талко” дар солҳои 2006, 2007 ва 2008 ки аз сӯи ширкати бритониёии “Стивен Муур”, анҷом шудааст, дар торнамои ширкат қобили дастрасист. Аммо ширкати “Талко», ки барои адами шаффофият дар фаъолиятҳои молиаш бисёр интиқод шудааст, шакли ихтисоршудаи аудитро нашр кардааст. Дар аудит ба баҳси додгоҳии корхона бо ширкатҳои миёнарав аз ҷумла “Ансол” ишора шуда ва омадааст, ки барои хадамоти ҳуқуқӣ ширкати Талко “маблағи бузургеро” пардохт кардааст. Аудити фаъолиятҳои молии ширкати “Талко”, бо талаби Сандуқи Байналмилалии Пул сурат гирифт, ки аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, дар ивази кӯмакҳои молии он ниҳод, дар фаъолияти корхонаҳои азими давлатиро шафоф кунад.