Таҳқиқи гузоришҳо дар мавриди "террористони тоҷик"

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, гузоришҳо доир ба боздошти се нафар шаҳрванди ин кишвар дар Афғонистонро, ки ба терроризм муттаҳам мешаванд, таҳқиқ мекунад. Давлат Назрӣ сухангӯи вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ба консули Тоҷикистон дар шаҳри Қундуз дастур дода шудааст, ки ин масъаларо омӯхта ва ба вазорат маълумоти дақиқ пешниҳод кунад ва пеш аз ҳама муайян кунад, ки ин шахсиятҳо кӣ ҳастанд. Дар ҳақиқат шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ва ё шахсони дигаре ҳастанд, ки худро ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ кардаанд.” Мақомоти амниятии Қундуз мегӯянд, 6 август, се шаҳрванди мусаллаҳи Тоҷикистон ва ронандаи афғони онҳоро боздошт кардаанд, ки ба қатли ду маъмури амниятӣ дар ин шаҳр муттаҳам мешаванд.