Пулиси Индонезия мегӯяд, Абӯбакр Башир, як муллои тундрави ин кишварро, бо иттиҳоми даст доштан дар фаьолиятҳои террористӣ боздошт кардаанд. Ба гуфтаи вакили дифоъаш, Абӯбакр Баширро дар ноҳияи Сиамис бо иттиҳоми иртибот бо як гурӯҳи нави террористӣ дар вилояти Ачеҳ дар ғарби Индонезия дастгир кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, ин гурӯҳ машғули тарҳрезии ҳамлаҳои террористӣ, аз ҷумла қатли Сусило Бамбанг Юдҳойона, раиси ҷумҳури Индонезия будааст. Абӯбакр Баширро соли 2004 бо гуноҳи даст доштан дар бомбгузориҳои хунини соли 2002 дар ҷазираи Балӣ ба ду соли зиндон маҳкум карданд, ки дар он бомбгузорӣ 2002 нафар ҷон доданд. Ӯро он вақт ба ҳидояти Ҷамоаи Исломӣ муттаҳам карда буданд, ки як ҳалқаи Ал-Қоида дар маҳсуб мешавад ва масъули ҳамла дар ҷазираи Балӣ хонда шудааст.