Идомаи таҳқиқи қазияи қатли 10 табиб дар Бадахшон

Мақомоти афғониву хориҷӣ қазияи куштори 10 корманди имдодӣ, бо шумули 8 табиби хориҷӣ дар вилояти Бадахшонро таҳқиқ мекунанд. Масъулияти ҳамла ба ин афродро Толибон бар ӯҳда гирифта, гуфтааст, ки онҳоро ба далели ҷосусӣ ва даъват ба дини масеҳӣ қатл кардаанд. Мақомот мегӯянд, яке аз кушташудагон табиби амрикоӣ Том Литтл буд, ки тақрибан 30 сол боз дар Афғонистон кору зиндагӣ мекард. Аз ин 10 нафаре, ки аҷсоди онҳоро ахиран дар Бадахшон пайдо карданд, 6 танаш амрикоӣ, 2 нафар – тарҷумонҳои маҳаллии ин гурӯҳ, яке аз Бритониё ва якеи дигар як хонуми олмонӣ будаанд. Олмон низ хостори таҳқиқи мӯшикофонаи ин қазия шудааст.
Ду афғони дигаре, ки низ ҳамроҳи ин гурӯҳ будаанд, тавонистаанд ҷон ба саломат бубаранд.