Боришоти шадид тавзеъи кӯмакҳо ва амалиёти наҷотдиҳӣ дар манотиқи селзадаи Покистонро боз ҳам мушкилтар кардааст.
Мақомот мегӯянд, обуҳавои бад шумори бузурге аз чархболҳои ҳомили кӯмакҳо ва машғули амалиёти наҷотро маҷбур ба қатъи парвоз карда, дар манотиқи ҳошияи рӯдхонаи Ҳинд дар вилояти Синд ба далели хатари обхезӣ бонги изтироб баланд кардаанд. Дар ҳамин ҳол, раисиҷумҳури Покистон Осифалӣ Зардорӣ, ки бо сафаре дар Бритониё ба сар мебарад, рӯзи шанбе дар шаҳри Бирмингем ба мавҷи интиқодҳо рӯбарӯ шуд. Эътирозгарон Зардориро айбдор мекарданд, ки бо вуҷуди ба бадтарин обхезӣ дар 80 соли охир дучор шудани мардуми оддии кишвараш барои як ҳафта ба сафари Аврупо рафтааст.