Мақомоти Покистон талош меварзанд, хонаводаҳоеро, ки таҳти таҳдиди ҳамлаи обхезиҳои ҷадид қарор доранд, бикӯчонанд. Сарвазири Покистон Юсуфризо Гелонӣ дар як паёми телевизионӣ мизони хисороти ҷониву молии обхезиҳои ахир дар кишварашро “хеле азим” ва ин офатро пурхисоратарин селхезӣ дар 63 соли таърихи Покистон номид ва хостори ироаи кӯмакҳои оҷили байналмилалӣ барои 15 миллион нафари аз ин офот осебдида дар Покистон шуд: “Дар ин давраи бӯҳронӣ, ман мехоҳам аз ҷомиаи байналмилалӣ дархост кунам, ки дар амри осон кардани азоби мардуми аз обхезиҳо осебдида аз Покистон ҳимоят кунанд.”
Ба ҳисоби СММ, обхезиҳои Покистон дастикам 1600 кушта ба ҷо гузошта, 252 00 манзилро тахриб кардааст.
Австралия ба Исломобод ваъдаи 9,2 миллион доллар кӯмак карда, Амрико гуфтааст, ҳаҷми ёриҳояш ба осебдидагон дар Покистонро ба 35 миллион доллар мерасонад.