Дар Кашмири Ҳинд шумораи қурбониёни селоб ба 110 нафар расид

Мақомоти расмии аёлати Кашмири Ҳиндустон мегӯянд, дар натиҷаи ҷорӣ шудани селобҳои шадид ва лағзиши теппаҳо шумораи қурбониён хеле зуд боло рафтааст. Ба гуфтаи мақомоти ин аёлат, то ҳол дар минтақаҳои офатзада 110 ҷасадро аз зери гилу об берун кашидаанд. Аз нируҳои мусаллаҳи Ҳиндустон даъват кардаанд, ки дар амалиёти кӯмак ширкат ҷӯянд.