Амрико, Британия ва Фаронса дар ёдбуд шират ҷустанд

Имрӯз бори нахуст Амрикову Британия ва Фаронса дар маросими солгарди бамборони ҳастаии Ҳирошимаи Ҷопон дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳон ширкат карданд. Он вақт бори аввал аслиҳаи ҳастаӣ бар зидди инсоният ба кор рафт. Ҷон Рус-сафири Амрико дар Токио имрӯз дар маросими ёдбуд дар шаҳри Ҳирошима-воқеъ дар ғарби Ҷопон ширкат ҷуст. Ширкати вай
нишонаи ҳимояти Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз сайораи вораста аз ҷангафзорҳои ҳастаӣ арзёбӣ шуд. Дар маросими ёдбуд намояндагони тақрибан 75 кишвар ва Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ ширкат доштанд. Вай дар ин маросим гуфт:

"Ман омадаам, хотираи қурбониёнро гиромӣ дорам ва ба зиндамондагон ё ҳибакуша эҳтиром қоил шавам. Аммо ман ин ҷо бо мардуми Ҳирушима ҳастам, то ба оянда назар афканем".

Дар бамборони Ҳирошима 140 000 нафар кушта шуданд.