Вазорати умури хориҷаи Амрико дар гузориши солонааш доир ба терроризм дар саросари ҷаҳон, навиштааст, маъмурони амниятии Тоҷикистон ҳамчунон аз манобеъи лозим барои муқобила бо терористон бархурдор нестанд. Дар гузориши солонаи ин вазорат, тамоюлҳои терроризм дар соли 2009-ро тасвир кардааст, аз ҷанг бо гурӯҳҳои террористӣ дар Тавилдара ёдоварӣ карда ва гуфтаанд, маъмурони амниятии Тоҷикистон ин гурӯҳҳоро шикаст доданд, ки баъзеашон аз Афғонистон ва аз Русия ба кишвар ворид шудаанд. Ба гуфтаи вазорати умури хориҷаи Амрико фасодкории фарогир ва музди ками кор майли маъмурони амниятӣ барои муқобила бо қочоқбарони маводи мухаддиро кам мекунад. Дар гузориш аз марзи тӯлонӣ ва каммуҳофизи Тоҷикистон бо Афғонистон ёдоварӣ карда ва гуфтаанд, бисёре аз мавзеъҳои марзӣ барои убуру мурури қочоқбарон ва терористон осонгузар аст.