Садриддин Акрамов, раиси Донишгоҳи навовариҳои фаннӣ ва мухобирот (ДНФМ) вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмоновро ба додгоҳ кашонидааст. Акрамов ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, ки даъвои ӯро додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт баррасӣ хоҳад кард. Ӯ вазири маорифро ба тӯҳмат ва таҳқир айбдор мекунад. Ба гуф таи ӯ, Раҳмонов дар як нома ба раисиҷумҳури Тоҷикистон навиштааст, ки дар ДНФМ асосан афроде ҷамъ шудаанд, ки тарғиботи зиддидавлатӣ мебаранд. Баҳси ин донишгоҳ бо вазорати маориф як сол боз идома дорад. Вазорати маориф тавассути додгоҳ хатти муҷаввизи фаъолияти ДНФМ-ро боз хондааст.