Амрико алайҳи як силсила ширкатҳои умдатан аврупоӣ, ки бовар меравад, Эрон аз онҳо ба хотири гурез аз таҳримоти байналмилалӣ ва кӯмак ба фаъолиятҳои ҳастаияш истифода мебурд, таҳримот ҷорӣ кардааст. Вазорати дороӣ аз 21 ширкат ном бурда, амрикоиҳоро аз ҳар навъ муомила бо ин таъсисот манъ мекунад. Аз ин шумор 13 ширкат дар Аврупо фаъолият мекунад, аз ҷумла 9 ширкаташ – дар Олмон, 2 ширкат – дар Беларус ва яке дар Итолиёву якеи дигар дар Люксембург.
Як ширкати дигари таҳти таҳримоти Амрико қароргирифта аз Ҷопон ва боқӣ аз Эрон будаанд. Ин ширкатҳо дар соҳоти бонкдориву сармоягузорӣ, истихроҷи маъодин ва муҳандисӣ фаъолият доштаанд.
Як ширкати дигари таҳти таҳримоти Амрико қароргирифта аз Ҷопон ва боқӣ аз Эрон будаанд. Ин ширкатҳо дар соҳоти бонкдориву сармоягузорӣ, истихроҷи маъодин ва муҳандисӣ фаъолият доштаанд.