Ширкати Би Пи ба бастани чоҳи нафт шурӯъ кард

Ширкати нафтии Би Пи, амалиёти сарпӯш гузоштан ба чоҳи зериобии нафтиеро шурӯъ кардааст, ки аз он то кунун ба Халиҷи Мексика ҳазорон тонна нафт хориҷ шуд. Ширкати Би Пи гуфт, амалиёти пур кардани чоҳи нафтӣ бо гил шурӯъ шуд ва то муттавақиф шудани резиши нафт ба дарё идома хоҳад кард. Аммо мегӯяд ин ширкат, то замони хотимаи амалиёт дар охири ҳамин моҳ бояд мунтазир шуд ва дид, ки чӣ натиҷа ба даст меояд. Ихроҷи нафт ба Халиҷи Мексика дар Амрико, боиси олудагии манотиқи васеъ ва ҳам хароҷоти зиёди изофӣ аз ширкати Би Пи шуд.