Моҳи август барандаи музоядаи Кони Мансур эълон мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон ба марҳалаи ниҳоии музоядаи дарёфти ҳаққи баҳрабардорӣ аз маъдани нуқраи Кони Мансур ду ширкати хориҷиро баргузидааст. Дар ин бора Қоҳир Расулзода-раиси вилояти Суғд ба рӯзноманигорон гуфт:

"Коммиссияи тендерӣ аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон ташкил карда шудааст, корҳо рафта истодааст. Аз тамоми он компанияҳое, ки дар он иштирок доштанд, ҳоло дар он ду компания боқӣ монд. Ба фикри ман, моҳи август компанияе, ки бояд дар Кони Мансур кор кунад, эълон мешавад".

Кони Мансур дар шимоли Тоҷикистон бар асоси ҳисобҳои муқаддамотӣ бо захираи тақрибн 50 ҳазор тон нуқра дуввумин кони бузурги ин фулузи гаронбаҳо дар ҷаҳон дониста мешавад. Ин музояда дар поёни соли 2009 эълон шуд ва давлати Тоҷикистон барои интихоби ширкати баранда як коммиссияи ҳукуматӣ таъсис дода буд.